Муроҷиатномаи Созмонҳои ҷамъиятии экологии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муассирии (самаранокии) энергетикӣ ва сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия
МУРОҶИАТНОМАИ
Созмонҳои ҷамъиятии экологии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муассирии (самаранокии) энергетикӣ ва сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия
Мо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии экологии Тоҷикистон:
- бори дигар ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҳукуматро ба зарурати ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, рушди энергетикаи аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии иқтисодиро муҳим шуморида;
- дарк кардани он, ки рушди устувори дарозмуддати ҷумҳурӣ бидуни баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ, таъмини дубораи технологии иқтисод, гузаштан ба энергияи барқароршаанда ва тадриҷан даст кашидан аз сӯзишвории истихроҷӣ ғайриимкон аст;
- изҳори боварӣ кардан ба он, ки истифодаи бештар пурсамари энергия ва сарчашмаҳои алтернативии энергия ба рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад, аз нигоҳи коҳиши ҳаҷми партобҳои газҳои гулхонаӣ фоидаи иловагӣ медиҳад, ифлосшавии табиатро пешгирӣ месозад, мушкилоти мубориза бо камбизоатиро ба қадре ҳал месозад, таъминоти сарчашмаи мӯътамади энергияро муҳайё месозад, ба афзоиши рақобатпазирӣ мусоидат менамояд ва дар соҳаи тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ барои расидан ба комёбиҳо муваффақ мекунад;
- изҳори розигӣ намудан бо он, ки сарфаи энергия ва рушди сарчашмаҳои барқароршаандаи энергия бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати ҷумҳурӣ бошад. Ҳукумат бояд барои ҳарчи бештар пурсамартар истифода намудани захираву мавод ва баланд шудани сатҳи рақобатпазирии иқтисод зимни сабук гардонидани оқибатҳои ногувор барои муҳити зист ( на аз ҳисоби табиат) мусоидат кунад;
- хотиррасон кардани он, ки Тоҷикистон яке аз ҷонибҳои Конвенсияи Доиравии (Рамочний) СММ оид ба тағйирёбии иқлим ва Протоколи Киот буда, дар робита ба он ӯҳадориҳои дахлдори байнулмилалиро ба дӯш гирифтааст;
- ҷонибдорӣ кардани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми апрели соли 2009 дар соҳаи баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва сарфаи энергия;
- зикр кардани он, ки чорабинии пешгирфтаи ҷудогонаи сиёсӣ пурсамар намегардад, агар ҳукумат барои ба таври назаррас баланд бардоштани самаранокии энергетикии иқтисодӣ кӯшиш ба харҷ диҳад. Самаранокии энергетикӣ сиёсати густардаву ҳамаҷониба ва роҳандозии тарзҳои гуногуни амалро тақозо дорад.
Мо чунин мешуморем, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи амалҳои зерин зарур аст:
Сиёсат:
- Таҳияи стратегияи миллӣ ва нақшаи амал оид ба баланд бардоштани самаранокии энергетикии иқтисодӣ. Стратегия ва нақша бояд нишондиҳандаҳои ченшавандаи мушаххас ва ҳадафҳоу вазифаҳои пешбинишуда дар соҳаи сарфаи энергияро доро бошанд;
- Таҳияи заминаи қонунгузорӣ ва зерсохтори ташкилӣ, ки ба ҷорисозии меъёрҳои нав, хусусиятҳо ва ченакҳои сарфаи энергия, назорати дахлдор ва баҳодиҳӣ ба риояи чорабиниҳои ҳатмӣ ва ихтиёрӣ оид ба самаранокии энергетикӣ имкон фароҳам созад;
- Таъмини истифодаи ҳарчи бештар пурсамари захираҳои мавҷуда, имконоти маъмурӣ ва молиявӣ ва ҳамчунин фароҳам сохтани шароитҳои мусоид баҳри ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисод, ки ба тезонидани ҷараёни ҷорисозии технологияи навин нигаронида шудаанд ва онҳо барои истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тозаву бештар пурсамар ва истифодаи энергия равона карда мешаванд;
- Такя кардан ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи сарфаи энергия ва истифодаи пурсамари он ва ҳамчунин ба фаъолият ва тавсияҳои форумҳои гуногуни байнулмилалӣ бо шумули Агентии байнулмилалии энергетикӣ, Агентии байнулмилалӣ оид ба энергетикаи барқароршаванда ва ғайра бо мақсади ташкил ва амалисозии сиёсати бештар пурсамартар ва муассир оид ба самаранокии истифодаи энергия.
Сохтмон
- Қабули меъёрҳо ва кодекси нави сохтмонӣ, ки нишондодҳои энергетикиро барои баҳогузорӣ ба самаранокии энергетикии биноҳоро ба эътибор гиранд, ошкор сохтан ва таблиғи намунаҳои беҳтарини таҷрибаҳо дар соҳаи сиёсати энергетикӣ;
- Шурӯъи сохтмон ва ба истифода додани биноҳо бе истеъмоли энергия аз берун ва ҳамчунин қабули чораҳои зарурӣ барои беҳбуди имконоти сарфаи энергия дар биноҳои мавҷуда;
- Ҷорисозии низоми сертификатсияи хусусиятҳои самарнокии истифодаи энергия дар биноҳо барои харидорон/иҷорагирон.
Дастгоҳҳои маишӣ
- Баргузории таҳқиқот оид ба таҷдиди назари меъёрҳои мавҷуда барои дастгоҳҳои электрикӣ дар асоси имконоти мавҷуда дар соҳаи баланд бардоштани самаранокии энергетикии дастгоҳҳои электрикии маишӣ ва қабули қоидаҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи муосир;
- Таъмини бештар васеъи истифодаи дақиқ ва тадриҷии тамғаҳои(маркировкаи) таъиншуда баҳри огаҳсозии бештар мукаммали истеъмолгарон дар бораи самаранокии истифодаи дастгоҳҳои электрикӣ;
- Аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳавасманд сохтани истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони таҷҳизоти электрикии каммасрафи энергетикӣ, аз ҷумла тавассути кам кардани ҳаҷми андозбандӣ ба молҳои пурсамари истифодаи энергия ва коҳиш додани ҳаҷми боҷҳои гумрукӣ ба он.
Нақлиёт
- Таҳияи барномаи пурсамари рушди соҳаи нақлиёт. Барнома бояд ба маҳдуд гардидани афзоиши шумораи автомобилҳо ва рушди истифодаи навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар (бо шумули велосипедҳо) мусоидат намояд. Ҳамчунин барнома бояд таҳия ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёти бештар тозатар ва пурсамар бо сатҳи партоби пастро дар назар дошта, истифодаи онҳоро дастгирӣ намояд;
- Ҷорисозии меъёрҳои нав дар соҳаи самаранокӣ ва сарфаи сӯзишвории воситаҳои нақлиёт ва кӯшиш ба харҷ додан бобати роҳандозӣ кардани намунаҳои беҳтарини таҷрибаҳои мавҷуда;
- Ҳавасмандсозии (аз ҷумла аз ҷиҳати иқтисодӣ) иқдомоти ҷорисозии сӯзишвории навъҳои бештар тозатар бо шумули сӯзишвории самараноки синтетикӣ, технологияҳои гибридӣ, аккумуляторҳои (захирасозҳои барқии) пурсамар ва воситаҳои нақлиёт ба таркибҳои сӯзишвории гидрогенӣ.
Саноат
- Ҳавасмандсозии баргузории чорабиниҳои баҳогузории ихтиёрӣ ба самаранокии энергетикии сармоягузориҳои бузург ба лоиҳаҳои нав ё иловагӣ, ки дар бахши истифодаи зиёди энергия татбиқ карда мешаванд;
- Баҳогузорӣ ва санҷиши самаранокии истифодаи энергия дар бахшҳои саноат ва ошкор сохтани бахшҳое, ки дар онҳо амалисозии чораҳои сарфаи истифодаи энергия метавонад натиҷаи дилхоҳ диҳад;
- Бо мақсади коҳиши сатҳи партобҳои газҳои гулхонаӣ дар соҳаҳои асосии саноату иқтисод, дар саноат бо шумули роҳандозии шарики соҳавӣ ва фаромарзӣ ташкил кардани механизмҳои муносиботи ҳамкории шарикона;
- Сафрбарии муташаккили тамоми имконоти мавҷуда барои ноил гардидан ба самаранокии истифодаи энергия дар муддати тамоми зинаҳои раванди технологӣ;
- Бо мақсади нишон додани фоидаҳои имконпазир аз ҷорисозии технологияи пешқадами пурсамари истифодаи энергия дар саноат, ҷорӣ сохтан ва рушди роҳандозии барномаҳои таҳқиқотӣ ва механизмҳои муносиботи шарикӣ;
- Тавассути кам кардани ҳаҷми андозбандӣ ва боҷҳо, додани қарзу вомҳои имтиёзнок ва ҳамчунин дастгирии давлатии молиявии иқдомоти ҷорисозии чораҳои сарфаи энергия ва захираҳо дар корхонаву муассисаҳо.
Сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия
- Изҳори он, ки рушди сарчашмаҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатари алтернативии энергия самти афзалиятноки миллӣ аст. Зарур аст, ки дар бораи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия (СБЭ) қонун қабул карда шавад, то ки истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, содиркунандагон, ташкилотҳои тиҷоративу давлатӣ ва истеъмолгарони СБЕ-ро ҳавасманд созад. Истифодаи густардаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия раванди муҳоҷирати аҳолӣ аз деҳот ба шаҳрҳоро метавонад пешгирӣ намояд ва сатҳи некӯаҳволии мардумро дар маҳалҳо беҳбуд бахшад. Аксаран ин сарчашмаҳо мустақилу пурсамар буда, захираҳои иловагиро тақозо намекунанд;
- Барои рушди сарчашмаҳои алтернативии энергия фароҳам сохтани шароитҳои мусоиди қонунгузорӣ, ҳавсамандии иқтисодӣ ва молиявӣ. Бартараф сохтани монеъаҳо барои сармоягузории мустақим; сафарбарии муташакккили сармояи хусусӣ аз ҳисоби имтиёзҳо баҳри таҳияву коркарди технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза; истифодаи меъёрҳо, огоҳиҳои нархӣ ва регулятивӣ барои ташаккули эътимод ба самаранокии кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлати сармоягузорӣ бо мақсади таъмини сатҳи партоби газҳои гулхонаӣ ё/ва дигар маводи ифлосмекарда ё зараррасон;
- Таҷдиди назари барномаи давлатии мавҷуда дар бораи истифодаи ҳамаҷонибаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия. Муайян кардани ҳадафҳо ва нишондодҳои дақиқ барои рушди ҳиссаи сарчашмаҳои алтернативии энергия дар тавозуни (баланси) энергетикии ҷумҳурӣ. Таҳким бахшидан ба самаранокии он, тавсеъаи истифодаи амалии он ва афзоиши ҳаҷми ҷудо кардани воситаҳои зарурии молиявӣ;
- Ба дӯш гирифтани ӯҳдадорӣ оид ба маблағгузорӣ ба ҷорисозии истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ва мусоидат намудан ба коркарди минбаъда ва ба роҳи тиҷоратӣ гузаштани сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ва ҳамчунин даст кашидан аз дастгирии сарчашмаҳои анъанавии истеҳсоли энергия - сӯзишвории истихроҷӣ;
- Ҳамгиройии сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ба сохтори шабакавӣ ва беҳбуди самаранокии чунин низомҳои энергетикӣ.
Дар бораи иштироки ҷомеа:
- Таъмини дастрасии кушод ва шаффофияти раванди таҳияи барномаи сарфаи энергия ва татбиқи минбаъдаи он. Мебояд бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор бо шумули созмонҳои ҷамъиятии экологӣ машваратҳои васеъ баргузор намуд. Ҳамчунин зарур аст, ки таҷрибаи мавҷуда дар ин соҳа ва фикру мулоҳизаҳои созмонҳои экологӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои сарфаи энергия ва самаранокии энергетикӣ низ ба эътибор гирифта шавад.
- Рушди муколама ва механизми табодули доимии фикру мулоҳизаҳо миёни созмонҳои ҷамъиятӣ ва вазорату идораҳои дахлдори бахшҳои иқтисод оид ба масъалаҳои сарфаи энергия ва самаранокии энергетикӣ дар сиёсати экологӣ ва энергетикӣ;
- Мусоидат намудан ба таблиғи васеъи иттилоот ва мавод дар бораи фоиданокии истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва ҷорисозии истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия. Ва ҳамчунин дастгирӣ кардан ва ташаббус зоҳир сохтан дар амалисозии лоиҳаҳои омӯзишӣ оид ба сарфаи энергия, аз ҷумла бо истифода аз имконоти Ваосити ахбори умуми чопӣ ва электронӣ.
Душанбе, 1-уми ноябри соли 2009.






