Изҳороти Созмонҳои ҷамъиятии экологии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим

1 ноября 2009

 ИЗҲОРОТИ

Созмонҳои ҷамъиятии экологии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим

 

 

Мо намояндагони созмонҳои ҷамъиятии экологии Тоҷикистон:

 

·         бо дастгирии кӯшишоти ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони онем, ки назари умумӣ ба мушкилоти тағйирёбии иқлим дарёфт карда шуда, хоҳиши ба имзо расонидани Созишномаи нави байнулмилалӣ дар бораи амалҳои минбаъдаи муштарак дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва коҳиши ҳаҷми партобҳои газҳои гулхонаӣ дар Копенгаген, Дания, дар моҳи декабри соли 2009 изҳор гардад;

  • дастгирӣ кардани мавқеи як қатор кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ва созмонҳои бузургтарини экологӣ дар бораи зарурати нигаҳдории гармшавии глобалӣ дар сатҳи эквиваленти СО2 ва партобҳои глобалии газҳои гулхонаӣ ба миқдори 80% дар соли 2050 дар муқоиса бо сатҳи соли 1990;

·         дастгирӣ кардани иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ба имзо расидани Конвенсияи Доиравии (Рамочний) СММ оид ба тағйирёбии иқлим (соли 1998), ҳамроҳшавӣ ба Протоколи Киот (соли 2008) ва таҳияи Нақшаи Миллии Амал оид ба сабукгардонии оқибатҳои тағйирёбии иқлим (соли 2003);

·         зикри он, ки Тоҷикистон аллакай оқибатҳои назарраси ногувори тағйирёбии иқлим, ба монанди обшавии пиряхҳо, хушксолиҳои зиёд, афзоиши ҳодисаҳои офатҳои табии фалокатовар ва тағйирёбии низоми экологиро эҳсос мекунад ва он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии дарозмӯҳлати ҷумҳурӣ монеъаи ҷиддӣ мегузорад;

·         аз Ҳукумат даъват ба амал овардан баҳри ба харҷ додани тамоми кӯшишҳои зарурӣ барои ноил гардидан ба натиҷаҳои муассир ва мушаххас дар чаҳорчӯбаи татбиқи Стратегияи коҳиши партобҳо ва Стратегияи мутобиқгардонии Нақшаи Миллии Амал оид ба сабукгардонии оқибатҳои тағйирёбии иқлим;

·          изҳори омодагӣ кардан дар рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлатии дахлдори марбут ба қабули қарор оид ба ҳалли масоили тағйирёбии иқлим ва иштироки бештар фаъолона дар амалисозии барномаҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ, сабукгардонии оқибатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим бо назардошти лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи татбиқи Механизми Рушди Тоза.

 

Изҳор медорем, ки:

 

Оид ба сиёсати иқлим:

·         Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта имкон дорад, ки дар коҳиши ҳаҷми партобҳои гулхонаӣ саҳм бигирад. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари Конвенсияи Доиравии (Рамочная) СММ оид ба тағёирёбии иқлим ва Протоколи Киотро баимзорасонида, бояд минбаъд баҳри мубориза бо тағйирёбии иқлим иқдомоту чораҳои мушаххас андешида, ҳамин тариқ, ҷонибдории худро дар самти ҳадафи глобалии стратегӣ - пешгирии гармшавии минбаъда ва коҳиши ҳаҷми партобҳои глобалии газҳои гулхонаӣ ба миқдори 80% дар соли 2050 дар муқоиса бо сатҳи соли 1990 зоҳир созад;

  • Ҳукумати Тоҷикистон бояд мавқеи дақиқтар оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлимро муайян ва таҳия сохта, онро дар ҷараёни гуфтушунидҳои байнулмилалӣ ба таври муассир муҳофизат намояд. Мавқеъ бояд зарурати нигаҳдории гармшавии глобалӣ дар сатҳи 20С, коҳиши сатҳи эквиваленти СО2 дар атмосфера то 350 ppm ва партобҳои глобалии газҳои гулхонаӣ ба миқдори 80% дар соли 2050 дар муқоиса бо сатҳи соли 1990-ро дар бар гирад. Ҳамчунин эътироф карда шавад, ки амалҳои танҳо кишварҳои рушдёфта барои пешгирии оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим кифоя нест. Мавқеъ ҳамчунин хоҳиши Тоҷикистонро минбаъд дар ихтиёран ба худ ӯҳдадорӣ гирифтан оид ба коҳиши сатҳи партобҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқгардонӣ бо дастгирии молиявӣ ва таъминот бо технологияҳо аз кишварҳо рушдёфтари ифода созад;

·         Нақшаи Миллии Амал оид ба сабукгардонии оқибатҳои тағйирёбии иқлим (соли 2003), ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва маъқул шуморида шудааст, бояд ҳамроҳ бо пеш гирифтани роҳандозии чораҳои мушаххас дар бахшҳои дахлдори иқтисод, баланд бардоштани самарнокии энергетикӣ, рушди сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия (СБЭ) ва коҳиши истеъмоли навъҳои сӯзишвории истихроҷӣ татбиқ гардад;

·         Баланд бардоштани сатҳи самаранокии истифодаи энергия дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши кишоварзӣ ва ҷорисозии СБЭ бояд самтҳои афзалиятноки амалисозии лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи татбиқи Механизми Рушди Тоза (МРТ) бошанд;

·         Зарур аст бо назардошти тағйирёбии иқлим ба ҳамоҳангсозии стратегияҳои муҳими давлатӣ ва барномаҳо ва ҳамчунин мувофиқат дар фаъолияти бахшҳои гуногун ва идораҳо, бахусус дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, энергетика, нақлиёт, бахши кишоварзӣ ва сохтмон ноил гардид. Ин ба бартарафсозии мухолифатҳои мавҷуда, сафарбарсозии захираву имконот шароит муҳайё сохта, ба тақсимоти ҳарчи бештар самараноки он мусоидат хоҳад кард;

·         Барномаҳо ва иқдомоти пешгирифта дар пешгирии оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим бояд бо барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ҳамгирову бастагӣ дошта бошанд. Мувофиқи мақсад мебуд, агар ҳар як идораву вазорат баҳри муайян сохтани самтҳои чунин ҳамоҳангсозӣ корманди махсуси масъулро таъин мекард.

 

Оид ба стратегияи мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим:

 

·         Дар Тоҷикистон бояд Нақшаи Миллии Мутобиқгардонӣ (НММ)-и нав таҳия гардад, ки самти афзалиятноки он бояд баҳри қонеъ сохтани эҳтиёҷоти қишри камбизоати ва бештар осебпазири аҳолӣ равона гардида бошад. Иқдомот оид ба коҳиши осебпазирии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим бояд ба Ҳуҷҷатҳои Стратегияи Коҳиши Камбизоатӣ дохил карда шаванд;

·         Самтҳои афзалиятноки чораҳои мутобиқгардонӣ ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлимро мувофиқи мақсад мебуд, агар натанҳо ба иншооти стратегӣ ва бахшҳои иқтисод, балки ба ҷамоатҳои мушаххаси маҳаллӣ, сарчашмаҳои таъмини зиндагии аҳолӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ низ равона намуд;

·         НММ ҳамчунин бояд маҷмӯи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ҳифзи сарчашмаҳои таъминоти зиндагии аҳолӣ, ба монади сохтмони иншооти муҳофизатии гидротехникӣ дар соҳили дарёҳо, устувор сохтани саддҳои муҳофизатӣ дар минтақаҳои бешазор, баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба офатҳои табииро низ дар бар гирад;

·         Ба мутобиқгардонии бахши кишоварзӣ ҳам дар сатҳи соҳа ва ҳам дар сатҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ мебояд чораҳои зарурӣ андешид. Ҳифзи ҳосил аз ҳодисаҳои табийии гидрометереологӣ ва иқлимӣ, суғурта дар бахши кишоварзӣ воситаи муҳим баҳри коҳиши осебпазирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд;

·         Барномаҳо ва лоиҳаҳои мададрасонони байнулмилалӣ, ки ба Тоҷикистон дар ҳалли масоили рушди мубориза бо камбизоатӣ мусоидат менамоянд, бояд масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқгардонии аҳолӣ ба онро низ дар бар гирифта, ба амалисозии НММ кӯмак расонанд;

·         Созмонҳои ҷамъиятӣ бояд имкон дошта бошанд, ки дар таҳия, амалисозӣ, мониторинги НММ ва лоиҳаҳои мутобиқгардонӣ ширкат варзанд.

 

Оид ба иштироки ҷомеа:

 

·         Рушди муколама ва табодули ҳамешагии афкор ва иттилоот миёни созмонҳои ҷамъиятӣ ва вазоратҳои дахлдори бахши иқтисод оид ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла дар сиёсати экологӣ ва энергетикӣ зарур аст;

  • Ҳукумат бояд дастрасии кушод ва шаффофияти раванди ҳам таҳияи лоиҳаҳо баҳри ҷалби воситаҳо дар чаҳорчӯбаи Механизми Рушди Тоза ва ҳам раванди амалисозии онро таъмин созад. Ҳамчунин зарур аст, ки бо аҳли ҷомеа машваратҳои васеъ баргузор намуд ва зимни қабули қарор мулоҳизаҳову пешниҳодоти созмонҳои ҷамъиятиро низ ба эътибор гирифт;
  • Ҳукумат бояд ба таблиғи васеъи иттилоот ва мавод дар бораи мушкилоти тағйирёбии иқлим, фоиданокии истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва ҷорисозии истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия мусоидат намуда, татбиқи лоиҳаҳои омӯзишӣ оид ба тағйирёбии иқлимро, аз ҷумла бо истифода  аз Васоити ахбори умуми чопӣ ва электронӣ, дастгирӣ кунад;
  • Дастрасии аҳли ҷомеаро ҳам ба иттилооти умумӣ оид ба мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳам ба лоиҳаҳои ҷудогона, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҳисоботҳо, ки он барои ҷомеа манфиатовар бошад ё дар онҳо дар бораи вазъи муҳити зист маълумоти арзишманд мавҷуд бошад, беҳтар намудан зарур аст. Чунин ҳуҷҷатҳо мувофиқи асосҳо(принсипҳо) ва моддаҳои Конвенсия Орхус, ки Тоҷикистон низ яке аз ҷонибҳои он аст, бояд барои шарҳу тафсир саривақт то тасдиқи ниҳоии онҳо кушод ва дастрас бошанд.


Иштирокчиёни Конфронси «Дар роҳ ба сӯи Копенгаген», Душанбе, 1-уми ноябри соли 2009