Муроҷиатномаи Созмонҳои Ҷамъиятии Экологии Тоҷикистон дар бораи масъалаи имзои созишномаи Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим
БА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муроҷиатномаи
Созмонҳои Ҷамъиятии Экологии Тоҷикистон дар бораи масъалаи имзои созишномаи Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим
Моҳи декабри соли 2009 дар Копенгаген (Дания) 189 кишвари ҷаҳон бояд таҳиясозӣ ва баимзорасонии соишномаи нави байнулмилалӣ дар бораи мубориза бо тағйирёбии глобалии иқлимро, ки ба ивази Протоколи Киот дар соли 2013 ба имзо мерасад, ба анҷом расонанд.Қабули созишномаи пурсамари баъдикиотӣ дар Копенгаген ба манфиатҳои Тоҷикистон ҷавобгӯ аст, ки аллакай оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлимро эҳсос мекунад.
Мо – Клуби созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон оид ба масоили тағйирёбии иқлим – эътилофе (коалитсяияе) мебошем, ки 15 созмонҳои ҷамъиятии экологии Ҷумҳуриро дар бар мегирад ва иштирокчиёни Конфронси миллӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таҳти унвони «Дар роҳ ба сӯи Копенгаген», ки аз 21 то 23-уми октябри соли 2009 баргузор шуд, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин даъват ба амал меоварем:
- Дастгирӣ кардани мавқеи як қатор кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ва созмонҳои бузургтарини экологӣ дар бораи зарурати нигаҳдории гармшавии глобалӣ дар сатҳи 20С, коҳиши сатҳи эквиваленти СО2 дар атмосфера то 350 ppm ва партобҳои глобалии газҳои гулхонаӣ ба миқдори 80% дар соли 2050 дар муқоиса бо сатҳи соли 1990;
- Эътироф кардани он, ки амалҳои танҳо кишварҳои рушдёфта барои пешгирии оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим кифоя нест ва ихтиёран ба худ ӯҳдадорӣ гирифтан оид ба коҳиши сатҳи партобҳои газҳои гулхонаӣ ва мутобиқгардонӣ ба ивази қисман дастгирии молиявӣ ва таъминот бо технологияҳо;
- Изҳори омодагӣ ба гирифтани масъулияти маънавӣ барои ояндаи Тоҷикистон ва сайёра ва ба имзо расонидани созишномаи нави баъдикиотӣ дар Копенгаген дар моҳи декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳо-иштирокчиёни Конвенсияи Доиравии (Рамочний) СММ оид ба тағйирёбии иқлим.
Муроҷиатномаи муфассалтар ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқгардонӣ ва энергия, ки аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятии экологии Ҷумҳурӣ дар Конфронси «Дар роҳ ба сӯи Копенггаен» таҳия гардидааст, ба мактуби мазкур замима карда мешавад.
Латифӣ А.,Маҳфили созмонҳои экологии ҶТ
Созмонҳои ҷамъиятӣ:
Идрисов Т., «Замини хурд, Душанбе
Скочилов Ю., «Маркази экологии ҷавонон», Душанбе
Бурҳонова М.,Фонди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ, Душанбе
Бекмуродов Б, «Ҳамоҳангии ҷаҳон», Душанбе
Маҳмадалиева М., «Зан ва замин», Душанбе
Новикова Т., «Ноосфера», Душанбе
Партоев К., «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт», Душанбе
Улуғов У., «Ҷавонони асри 21», Душанбе
Благовещенская С. Фонди «Кӯҳистон», Душанбе
Кабутов К., «Офтоб», Душанбе
Гупалов А. «Зумрад», Душанбе
Алихонова Т. Шабакаи коршиносон оид ба рушди устувор, Душанбе
Прудских Д., Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист, Хуҷанд
Қаюмов Д., Агентии равандҳои рушди «Нов», Хуҷанд
Шомансурова Наргиз, «Шифо», Шаҳритӯс
Ҳакимов Н., «Мӯнис», Ҳисор
Солиев Ф., «Асри- нав», Қабодиён
Ҳотамова Т., «Ҳамдилон», Шаҳритӯс
Бобоев Х., Маркази рушди ҷамоаҳо, Носири- Хусрав
Бобоев У.,«Патрули сабз», Носири- Хусрав






